Киберамният ва инфрасохтори IT: Семинар бо пешвоёни соҳа дар Resort Krokus Park
10 таъминкунандагони шарик роҳҳои ҳалли худро муаррифӣ намуда, мушкилоти асосии саноати муосири IT-ро баррасӣ карданд: пешгирӣ ва муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ, ҳифзи додаҳо, идоракунии муассир ва ба низом даровардани инфрасохтори ТИ.
Сухангӯён аз Checkpoint, Dr.Web, VMware, NetApp ва Gigamon стратегияҳо ва тамоюлҳои навтарин дар соҳаи киберамният ва идоракунии технологияҳои иттилоотиро муаррифӣ намуда, пешгӯиҳоро барои соли 2025 мубодила карданд.
Чорабинӣ барои табодули таҷриба, ғояҳо ва нақшаҳои оянда як платформаи олӣ гардид. Мо ба ҳамаи иштирокчиён, шарикон ва дастаи Компортал барои саҳмашон дар муваффақияти семинар миннатдорем